Рӯзи 27 май, соати 17:00
Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев
Чиптаҳоро аз хазинаҳои Филармония ва Маркази Фарҳангии “Бохтар” ройгон дастрас намудан мумкин аст.
Муфассал

Лоиҳа

Ҷоизаи мусиқии Боб - Тоҷикистон

Яке аз вазифаҳои лоиҳа, ҳавасмандкунии навозандагони ҷавон ва ҳунармандон ба инноватсияи бадеӣ, эҷодкорӣ ва, ҳамзамон, ҷалби таваҷҷӯҳ ба фарҳанги Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон мебошад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз синни 16 то 25-сола метавонад мусиқии худро ба гурӯҳи кории лоиҳа, ки дар Душанбе мебошад, равон кунад.
Пешниҳоди дархост ба озмуни “Ҷоизаи мусиқии Боб” аз 1-уми декабри соли 2016 оғоз мегардад ва то 28-уми феврали 2017 давом меёбад Пас аз интихоб, навозандагон ва гурӯҳҳо аз тамоми Тоҷикистон ба Душанбе барои иштирок дар нимфинал ва финали озмуни мусиқи даъват карда мешаванд. Дар давраи ниҳоии консерт, навозандагон дар назди шунавандагони зиёд ва аъзои ҳакамон баромад мекунанд, ки аз байни онҳо навозандагони беҳтарин интихоб карда мешавад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои қадрнок мукофотонида мешаванд. Барандаи ҷоизаи 1-ум барои пешбарӣ намудани эҷодкории худ имконияти бо продюсер кор карданро ба даст меорад.
Шумо метавонед ҳар гуна мусиқие, ки ба фикри шумо шавқовар аст ирсол намоед. Муҳим он аст, ки худи шумо мусиқиро иҷро карда бошед, ва матни суруд аслӣ, яъне навиштаи шумо бошад.

Боб кӣ буд?

Боб Леверингтон сардори UK Aid

Боб Леверингтон шахсест, ки бо ёдбуди у ҷоизаро номгузорӣ кардаанд, сардори шуъбаи рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Осиёи миёна ва то соли гузашта як қисми таркибии ҷомеаи донории байналмилалӣ буд. Мутаассифона, Боб аз ҳаёт даргузашт. Боб мухлиси ашадии мусиқии Тоҷикистон буд ва ҳаматарафа навозандагони ҷавонро дастгирӣ менамуд.

Гурӯҳи корӣ

Ташкилкунандагон ва ҳамкорони лоиҳа

  • Ҷаноби Хю С Филпот, Сафири Англия
  • Хонум Патрисия Виверс-Картер, Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ
  • Хонум Лючия Елми, Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ
  • Ҷаноби Ричард Ҷонс Намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
  • Хонум Наргиз Есуфбекова, Шӯрои Ҳамоҳангсозии Котиботи Шӯрои Рушди Тоҷикистон
  • Хонум Николен Удвотер, Раёсат оид ба рушди байналмилалӣ

Тарзи дархост равон кардан

Ҷоизаи мусиқии Боб - Тоҷикистон

  • Тарзи дархост равон кардан
  • Тарзи дархост равон кардан
  • Тарзи дархост равон кардан

Cаволҳо

Cаволҳои муштарак

Ҷоизаи мусиқии Боб ин ҷоизаи мусиқии миллӣ, ки дар он ҷавонони 16-25 сола иштирок карда метавонанд.
Боб Леверингтон сардори UK Aid(Ёрии Великобритания)дар Тоҷикистон ва то соли гузашта як қисми таркибии ҷомеаи донории байналмилалӣ буд. Мутаассифона, Боб аз ҳаёт даргузашт.Мусиқӣ барои ӯ хеле муҳим буд, ва дар давоми будубоши худ дар Тоҷикистон, ӯ ба мусиқии тоҷик таваҷҷӯҳи махсус дошт.
Ҷоиза барои дастгирии навозандагони шурӯъкунанда ва / ё номаълум, ва бо истеъдоди Тоҷикистон ва ба онҳо имконияти баромад кардану маҳорати худро нишон додан лозим аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз синни 16 то 25 сола.
Барои иштирок кардан да ин озмун, пуркардани дархост дар сомонаи лоиҳа ва зеркашии мусиқӣ худ дар формати видеоӣ(худро ба видео гирифтан) лозим аст. Сомонаи озмун www.bobsmusicaward.org
Мусиқиро бо даромадан ба сомонаи лоиҳа ва даромадан ба бахши «Воридкунї» равон карда метавонед.
Шумо метавонед ҳаргуна мусиқие, ки ба фикри шумо шавқовар аст ирсол намоед. Муҳим он аст, ки худи шумо мусиқир оиҷро карда бошед, ва матни суруд аслӣ, яъне навиштаи шумо бошад.
Пешниҳоди дархост аз 1-уми декабри соли 2016 оғоз мегардад ва то 28-уми феврали 2017 давом меёбад.
Матни суруд бояд аслӣ бошад. Агар махсусан барои озмун видео бо иҷроиши суруд сабт намоед бозҳам хубтар мешавад.
Сифати садо ва видео дар масъулияти шумост.
Шумо метавонед мусиқии худро ба видео сабт намуда равон кунед. Танҳо файлҳои видеоӣ қабул карда мешаванд. Шахсоне, ки рӯи худро нишон додан намехоҳанд, метавонанд видео сабт намоянд ва ҳангоми навозидан дар назди камера қарор дошта бошанд, аммо камера атрофи табиатро сабт менамояд.
Илова ба файлҳои видеоӣ бо мусиқӣ ва як анкетаи кӯтоҳ, пешниҳод намудани матни суруд зарураст, агар иҷроиш сухан дошта бошад. Ҳамаи маълумот дар ин бора дар сомонаи лоиҳа www.bobsmusicaward.org қарор дорад.
Танҳо дар ҳамон ҳолате, ки шумо бо розигии худи иҷрокунанда маълумоти дурустро пешниҳод менамоед ва ба иҷрокунанда кӣ буданатонро муаррифӣ мекунед.
Интихоб дар ду марҳила мегузарад. Дар марҳиллаи аввали он ҳакамонҳои салоҳиятдоре, ки иборат аз навоздагон ва оҳангсозони шинохта мебошанд, иштирок менамоянд. Дар марҳилаи дуввум овоздиҳии халқӣ барпо мегардад.
Навозандагоне, ки се ҷои якумро мегиранд мукофотҳои пулӣ ба даст меоранд. Илова бар ин, навозандае, ки ҷои якумро соҳиб мегардад имконияти дастгирии продюссери мусиқиро пайдо мекунад
Шумо метавонед ба офисҳои асосии Beeline ё Tcell, ки дар шаҳратон ҳаст муроҷиат намоед ва онҳо барои зеркашии видео ба шумо кӯмак хоҳанд расонид.